4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МОШИНИ ГАЗ БА 100 МЕТР ҶАРӢ ЧАППА ШУД

Нимаи аввали рӯзи 10 январ як мошини газкашони тамғаи "Мерседес” дар километри 123-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз баландии беш аз 100 метр ба дарё афтодааст. Дар натиҷаи садама ронандаи мошин Муҳиддин Шарипов, сокини ноҳияи Мӯъминобод ба ҳалокат расидааст. Ин мошини рақами давлатиаш 642ZK 02 ба ширкати ба ҶДММ "Эмом импорт экспорт" тааллуқ доштааст. Тибқи хулосаи пешакӣ, ронандаи мошинро дар роҳ хоб бурдааст.

Маркази матбуоти ширкати IRS

Имрӯз дар километри 123- юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, рақами давлатиаш 642ZK 02 марбут ба ҶДММ "Эмом импорт экспорт ", ки барои кашонидани газ махсусгардонидашуда шудааст, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дар натиҷа воситаи нақлиёт аз баландии зиёда аз 100 метр ба дарё афтод.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронанда ба ҳалокат расид.
Ниҳодҳои дахлдор ба таҳқиқи садама шурӯъ карданд, вале тибқи хулосаи пешакӣронандаро хоб бурдааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳолати роҳ дар ин минтақа хуб буда, (расмҳои аз маҳалли ҳодиса бардошташуда дурустии ин гуфтаро собит менамоянд) ба ҳеҷ ваҷҳ вазъи роҳро наметавон сабаби рух додани садамаи мазкур шудааст арзёбӣ намуд.
Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба пайвандону наздикони шахси фавтида арзи тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон