ВКД: БОЗОРИ ПАНҶРО ШАВҲАРИ БАДРАШК ОТАШ ЗАДААСТ (ВИДЕО)

Азимҷон Раҷабов: "Шаб баромадам, тарафи хонаам рафта, як латтаро гирифта, дар равған тар кардам ва сӯи бозор рафтам. Гуфтам, алав сар медиҳам, ки як бори аввал нашуд. Баъд маротибаи дуюм рафта, арақ нӯшида, омадам ва ҳамин корро кардам. Сабабаш ҳамон ҷанҷоли мағозаву зиндагӣ. Байни мо муноқиша буд ва ман хостам, ки қасд гирам ва ҳамин корро кардам. Пушаймонам аз ин кори кардаам.”

Санавбар Ҷобирова:"Бо шавҳарам муддати 14 сол боз зиндагӣ дорем. Байни мо нофаҳмиҳо буд. Аз ҳисоби рашку ҳамин чизҳояш корамон дар суд буд. Шабона аз ҳисоби қаҳру ғазаб мағозаҳоро оташ зад.”

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки бозори марказии ноҳияи Панҷро шаби 2 январ як сокини маҳаллӣ аз ғояти рашк оташ задааст.

Офоқи Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар гузорише, ки шоми 9 январ дар барномаи телевизионии "Сипар – Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфт, дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки бозори марказии Панҷро қасдан оташ задаанд. Сӯхтори шаби 2 январ 180 метри мураббаъро фаро гирифта, бар асари он се дӯкон пурра ба коми оташ рафтааст ва ду дӯкони дигар қисман хароб шудаанд. Ҷамъи зарари расида ба соҳибкорон 50 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҷараёни тафтиши ҳодиса ба кормандони милиса муяссар шуд, ки бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини ноҳияи Панҷ Раҷабов Азимҷон, соли таваллудаш 1979-ро дастгир кунанд.

Ин марди 39-сола, ки оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад, сабаби оташ задани бозорро дар муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш Санавбар Ҷобирова, соли таваллудаш 1985 гуфтааст.

Санавбар Ҷобирова дар яке аз дӯконҳои бозори марказии ноҳияи Панҷ ба ҳайси фурӯшанда кор мекардааст.

Азимҷон Раҷабов дар ин гузориш мегӯяд: "Шаб баромадам, тарафи хонаам рафта, як латтаро гирифта, дар равған тар кардам ва сӯи бозор рафтам. Гуфтам, алав сар медиҳам, ки як бори аввал нашуд. Баъд маротибаи дуюм рафта, арақ нӯшида, омадам ва ҳамин корро кардам. Сабабаш ҳамон ҷанҷоли мағозаву зиндагӣ. Байни мо муноқиша буд ва ман хостам, ки қасд гирам ва ҳамин корро кардам. Пушаймонам аз ин кори кардаам.”

Санавбар Ҷобирова низ дар ин гузориш муноқиша доштанаш бо шавҳарашро тасдиқ мекунад: "Бо шавҳарам муддати 14 сол боз зиндагӣ дорем. Байни мо нофаҳмиҳо буд. Аз ҳисоби рашку ҳамин чизҳояш корамон дар суд буд. Шабона аз ҳисоби қаҳру ғазаб мағозаҳоро оташ зад.”

Қаблан ҳафтаномаи "Фараж” хабар дода буд, ки сокини ноҳияи Панҷ ҳамсарашро ба хиёнат гумонбар дониста, баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ аз сари рашк дӯконеро, ки ӯ кор мекард, оташ задааст ва доманаи сӯхтор дӯконҳои ҳамсояро низ фаро гирифтааст.

Ҳоло ба зидди Азимҷон Раҷабов бар асоси моддаи 255-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

 

Моддаи 255. Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк

1) Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ки зарари ҷиддӣ расонидааст; ‐

бо ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат сол ҷазо дода мешавад.(ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

2) Ҳамин кирдор, агар:

 

а) бо роҳи оташ задан, таркиш ё дигар усули хавфи умумидошта содир шуда бошад; б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад; в) зарар ба миқдори калон расонида бошад,‐

бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озоди ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №617)

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон