БОЗОРИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ ПАНҶРО АЗ РАШК ОТАШ ЗАДААНД

Бино ба гузориши "Фараж”, шаби 2 ба 3 январ бозори марказии ноҳияи Панҷро оташ задаанд. Бар асари сӯхтор ҳудуди 10 дӯкони либосу хӯрока ба коми оташ рафта, мақомот як ҷавони тахминан 30-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан оташ задани бозор дастгир кардаанд. "Фараж” аз қавли шоҳидон хабар дод, ки Азим ном як ҷавон аз Русия баргашта, ҳамсарашро ба хиёнат гумонбар мекунад ва аз сари рашк шабона дӯкони ӯро оташ мезанад. Оташ 9 дӯкони ҳамсояро низ ба коми худ кашидааст. Азим ҳоло дар боздошт қарор доштааст.

 

Панҷ:Бозор боз сӯхт.  Ин навбат онро оташ заданд

Бознашр аз сомонаи "Фараж”

Як ҷавони тахминан 30-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони оташ задани бозори марказии ноҳия боздошт шудааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ин ҷавон пас аз ҷанҷоли оилавӣ, дар заминаи рашк даст ба ин ҷиноят задааст.

 

Бино ба гуфтаи Раҷаб ном як ҷавони сокини шаҳраки Панҷ, ки дар бозори марказӣ ба тиҷорати мева машғул аст, оташсӯзӣ тахминан соатҳои 20 ба 21-и шаби гузашта рух додааст.

- Вақте ки овозаи сӯхторро шунидам, зуд ба макони ҳодиса худамро расондам. Сӯхтор дар мағозаҳои пластикии аввали бозор буд, ки он аз нуқтаи савдои ман дуртар аст. Дар натиҷаи ин ҳодиса қариб 10 мағозаи либосу хӯрокворӣ пурра ба коми оташ рафт, - гуфт шоҳид.

Тибқи маълумоти расида, ин ҷавон, ки номаш Азим гуфта мешавад, пас аз баргаштан аз муҳоҷират ҳамсарашро, ки дар бозор дӯкони савдо доштааст, ба хиёнат гумонбар дониста, шаби гузашта дӯконашро оташ задааст. Ҳамин тавр, дар оташсӯзӣ 9 дӯкони дигар, ки дар шафату атроф қарор доштаанд, оташ гирифтаанд.

Айни замон ҷавон дар боздошт қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса мақомоти милиса ва прокуратураи ноҳия санҷиш мегузаронанд. Дар ШКД-и ноҳияи Панҷ дар мавриди ин ҳодиса нахостанд суҳбат кунанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон