Дуздии телефони мобилӣ аз рӯи мизи тарабхона

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 22-солаи сокини кӯчаи Саҳбои пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми ноябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз рӯи мизи тарабхонаи "Қанд", воқеъ дар кӯчаи Баҳовуддинов 1-адад телефони мобилии тамғаи "Хуавей"-ро, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 20-солаи сокини кӯчаи Саҳбо бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон