3 АКС АЗ МАҲАЛЛИ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ

Нимарӯзии 12 декабр дар километри 33-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бар асари ба пойдевори канори роҳ бархӯрдани як мошини тамғаи "Ҳюндай Соната” ронандаи мошин ба ҳалокат расидааст. IRS – ширкати масъули нигоҳубини ин шоҳроҳ мегӯяд, тибқи фарзияҳои аввалия, ронандаи мошинро хоб бурдааст. Аз аввали сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 350 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 1300 кас маъюб шудаанд.

Маркази матбуоти ширкати IRS – ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар бораи боз як садамаи маргбор дар ин ягона роҳи мошингарди байни шимол ва маркази Тоҷикистон хабар дод. Сухангӯи ширкат Далер Мерганов ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ин садама нимарӯзии 12 декабр дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар як минтақае, ки пойдеворҳои махсуси селгузар гузошта шудаанд, рух дода, мошини "Ҳюндай Соната” ба яке аз ин пойдеворҳои селгузар бархӯрдааст.

Дар иттилоияи ширкат дар бораи ин садама чунин гуфта мешавад:

Тахминан як соат қабл дар километри 33 - юми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок ронандаи автомобили сабукрави Хюндай Соната аз уҳдаи идора намудани он набаромада, дар натиҷа автомобил ба пойдевори миёни роҳ бархӯрд.
Дар робита ба рух додани садама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқро шурӯъ намуданд. Тибқи фарзияҳои то ин замон ҳосилшуда, ронандаро хоб бурдааст.
Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба аҳли оила ва наздикони нафари ҳалокшуда арзи тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонанд. Ҳамрадиф бо ин, аз кулли ронандагон хохишмандем ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ таври бояду шояд риоя намоянд ва эҳтиёткору дақиқназар бошанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон