САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Субҳи 10 декабр мошини "Муссо”, таҳти идораи сокини 48-солаи ноҳияи Айнӣ Муҳаммадҷон Соатов дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати Такфон ба ҷарии чуқуриаш таъминан 100 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири 52-солаи "Муссо” Майиз Рӯзиев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин ва мусофири дигараш Шервон Нарзуллоев ҷароҳат бардоштаанд. ВКД мегӯяд, садама бо айби ронандаи мошини боркаши "Мерседес-Бенс Атеко” Почоев Бунёд рух дод. Ин мошини боркаш ба самти муқобили роҳ баромада, нафақат сабаби ба ҷарӣ чаппа шудани "Муссо” шуд, балки бо як мошини ВАЗ-2107 низ бархӯрдааст.

Тавре маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 10-уми декабри соли 2018, тахминан соати 09:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс Атеко” Почоев Бунёд Рустамович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Такфони ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба самти муқобили роҳ баромада, сабабгори ду садама шудааст.

Вақте "Мерседес” пеши роҳро мегирад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Муссо”, таҳти идораи ронанда, Соатов Муҳаммадҷон Раҳимович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Айнӣ, ки аз самти муқобил омада истода буд, бо мақсади ба автомашинаи боркаш барнахӯрдан, ба канори рости роҳ баромада, ба ҷарии чуқуриаш тахминан 100 метр чаппа шудааст.
Пас аз он автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес-Бенс Атеко”, ба автомашинаи тамғаи "ВАЗ-2107” таҳти идораи ронанда, Файзуллозода Вазир Усмонҷон, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи "Муссо”, Рузиев Майиз Азизович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Айнӣ, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи "Муссо” Соатов М.Р. ва мусофири дигараш, Нарзуллоев Шервон Хайруллоевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Айнӣ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад, - гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Ин садама дар ҳоле рух дод, ки ба сабаби бориши барф ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд хеле мушкил шуда, шаби 9 ба 10 декабр ҳатто барои ду соат боздошта шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон