Мусодираи шумораи зиёди маводҳои тарфгарӣ

711

Мувофиқи қонунгузории кишвар воридот ва мавриди истифода қарор додани маводҳои тарфгарӣ манъ гардиааст. 

Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии чунин маводҳо, ки истифодаи он барои ҷомеа хавфнок аст, корҳои фаҳмондадиҳию оперативӣ ба роҳ монда шуда, шахсоне, ки ба муомилоти ин воситаҳои тарканда даст мезананд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳафтаи ҷорӣ кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ миқдори зиёди маводҳои тарфгариро аз муомилот боз дошта, нафарони гумонбарро дастгир намуданд.

Муайян гардид, ки шаҳрвандон Каримова Умеда Бахтиёровна, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҳабибуллоев Фирдавс, соли таваллудаш 2000, мехостанд аз фурӯши ин маводҳо фоида ба даст оваранд.

712

Зимни пешбурди коркадҳои оперативӣ аз номбурдагон ба миқдори 19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии навъи  «Трения» дарёфту мусодира карда шуд. 

Ҳоло нисбати далели мазкур мутобиқи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо зикри далели мазкур аз тоҷирону соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи ҳатмии қонунҳои амалкунандаро ҷиҳати пешгирии воридоту фурӯши маводҳои тарфгарӣ риоя намоянд, то фазои осоиштаи ҳаёти мардумро халалдор насозанд.

713714

Илова бар ин, аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони худро зери назорати қатъӣ қарор дода, нагузоранд то бо истифода аз чунин маводҳои зараровар, фазои осоиштаҳолии сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанберо дар рӯзҳои иду ҷашн халалдор созанд.

Шукуров Сироҷиддин

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон