расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Нуздаҳ варзишгари тоҷик ба Тошканд сафар карданд

. / Варзиш

Нуздаҳ варзишгари тоҷик ба Тошканд сафар карданд

Тақвими мусобиқаи бокс дар соли ҷорӣ бо баргузории Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22 — сола оғоз мегардад

 Рӯзҳои 21-30 январ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бори аввал Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз Ӯзбекистон, Тайланд, Ҷопон, Филиппин, Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон ва Малайзия иштирок мекунанд. Дар умум иштирокчиёни мусобиқаи мазкур аз 16 кишвар хоҳанд буд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс дар ҳайати 19 нафар (14 мард, 5 зан) ба Тошканд сафарбар гардиданд:Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Эмомалӣ Малаев, Хуршед Абдуллоев, Асомиддин Бурҳонов, Равшан Ёқубов ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Акмалҷон Абдуллоев барои ҳакамии муҳорибаҳо ба ин мусобиқа даъват шудааст.

Пас аз санҷиши дархостҳои иштирок, ҷаласаи техникӣ ва қуръакашии расмӣ, маросими ифтитоҳи мусобиқа 21 январ баргузор мешавад. Рӯзи аввали мусобиқа 22 январ ва финал дар ду рӯз — 28 ва 29 январ ба нақша гирифта шудааст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.