расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » “Хуҷанд” пеш аз муҳлат ба дарёфи медалҳои нуқраи чемпионат даст ёфт

. / Варзиш

“Хуҷанд” пеш аз муҳлат ба дарёфи медалҳои нуқраи чемпионат даст ёфт

Акнун даста ба иштирок дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2021 ҳуқуқ пайдо кард.

Сурат: ФФТ
Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар бозии марказии давр рӯзи 27 сентябр дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:2 тими “Хатлон”-и Бохтарро шикаст дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба ин тариқ, ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа дастаи “Хуҷанд” ба дарёфти медалҳои нуқра ноил гардида, ҳамчунин ба иштирок дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2021 ҳуқуқ пайдо кард.

Гуфта мешавад, тими “Душанбе-83” дастаи “Локомтив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, ҷойи худро дар Лигаи олӣ нигоҳ дошт.

Дар вохӯрии дигари ин давр КМВА (ССКА) “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, ки аввалин бохти “Истиқлол” дар ин мавсим аст.

Рӯзи шанбе, 26 сентябр вохӯрӣ байни дастаҳои “Кӯктош” ва “Истаравшан” мусовӣ - 2:2 анҷом ёфта, “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 дастаи “Файзқанд”-и Восеъро мағлуб намуд.
Қобили зикр аст, ки то анҷоми мусобиқаи 29-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ду давр боқӣ монд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.