расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Ба Академияи футболи Тоҷикистон мақоми баргузида дода шуд

. / Варзиш

Ба Академияи футболи Тоҷикистон мақоми баргузида дода шуд

Ба федератсияҳои миллӣ аз рӯйи 20 нишондиҳанда баҳо дода мешавад.

Сурат: ФФТ
Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мақоми узви комилҳуқуқи рушди барномаи баргузида (элитӣ)-и наврасони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва ба Академияи футболи ФФТ мақоми баргузидаи “ду ситора” дода шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё бо мактуби расмӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин хусус огоҳинома фиристодааст.
Барои соҳиб шудан ба мақоми узви комилҳуқуқи барномаи баргузидаи ҷавонон, ба федератсияҳои миллӣ аз рӯйи 20 нишондиҳанда баҳо дода мешавад.
Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, Комиссияи КФО ба кори раҳбарият, тарҳрезӣ ва ташкили кор, таъмини ҳайати корӣ, интихоб, қисмати молиявӣ ва таҷҳизот, даста, тамрину бозиҳо, ҳунарнамоии бозигарон, вазъи солимии онҳо, таълим, натиҷаҳо ва ғайра баҳо медиҳад.
Гуфта мешавад, ташкилоти миллӣ ҳадди ақал бояд ба 11 нишониҳандаи аввал ҷавобгӯ бошад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз танҳо Академияи «Aspire»-и Қатар ба мақоми “се ситора” ноил дониста шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.