расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Духтарони қолабшикани Кӯлоб дар дастаи футболи "Равшан" гирд омадаанд. ВИДЕО, АКС

. / Варзиш

Духтарони қолабшикани Кӯлоб дар дастаи футболи "Равшан" гирд омадаанд. ВИДЕО, АКС

"Ман дар кӯчаҳо ҳамроҳи писарон футбол бозӣ мекардам. Дар аввал на танҳо набуди шароити тамрин, балки бархӯрди ҷомеа низ бароям сахт буд", -- нақл кард Бибиоишамоҳ Исҳоқова, узви дастаи духтаронаи "Равшан" дар шаҳри Кӯлоб.
Ин дастаро ним сол пеш таъсис доданд ва ҳоло 24 узв дорад. Мураббиён мегӯянд, дар аввал мухолифатҳои ҷомеаву камбуди молиявӣ вуҷуд дошт, аммо дар ним сол "каме пешрафт" мушоҳида мешавад.
Бибиоишамоҳ Исҳоқова, қаҳрамони 14-солаи гузориши мо мегӯяд, "дар аввал бисёре аз писарон мегуфтанд, ту духтар ҳастӣ ва ту чиву бозии футбол чӣ. Ба гапи онҳо аҳамият намедодам. Хонаводаам розӣ ҳастанд, ки ба футбол машғул шавам."
Бархе аз бозигарони даста эътироф мекунанд, ки футболро танҳо дар телевизионҳо ва майдонҳои хурди пеши хонаашон дида буданд. Бархе ҳавас доштанд, аммо бовар надоштанд, ки рӯзе дар майдони бузург бозӣ мекунанд.
Аз миёни аъзои дастаи духтаронаи "Равшан"-и Кӯлоб Ҳуснорои Сайҳомуддин собиқаи варзишӣ доштааст. Ӯро таъсиси ин даста аз майдони бокс ба футбол овард. Ӯ мегӯяд, "бо писарон тамрин мекардам. Вақте бори аввал ба дастаи футбол омадам, хеле мушкил буд. Аз охири соли 2019 вазъ хеле беҳтар шудааст."

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.