расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Беҳтарин бозигари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт: Капитан Ҷалилов "Истиқлол"-ро тарк кард

. / Варзиш

Беҳтарин бозигари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт: Капитан Ҷалилов "Истиқлол"-ро тарк кард

Қаҳрамонии Тоҷикистон яке аз беҳтарин ва гаронарзиштарин бозигаронашро аз даст дод

 Капитани «Истиқлол"-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки аз беҳтарин ва ояндадортарин ҷавони футболбози тоҷик унвон мешуд, фаъолияти худро дар чемпионати Ӯзбекистон идома медиҳад

Тибқи иттилои бошгоҳи футболи «Истиқлол"Ҷалилов бо тими АГМК шартнома баст ва ҳамкнун дар Лигаи олии Ӯзбекистон баромад мекунад.
Гуфта мешавад, футболбоз бо барандаи медали биринҷии чемпионати Ӯзбекистон-2021 бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.

Бошгоҳ дар бораи маблағи гузариш гаронарзиштарин варзишгараш иттилое надодааст.

Ёдовар мешавем, Ҷалилов дар ҳайати «Истиқлол» аз аввали соли 2019 фаъолият карда, дар ин муддат якҷо бо даста се маротиба барандаи қаҳрамонии кишвар ва Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ҳамчунин соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Дар мавсими аввалини «Истиқлол» дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар баромади муваффақонаи даста саҳми калон гузошт.
Аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021 Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.

Қаблан портали машҳури варзишии Олмон Transfermarkt.de арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар кард, ки тибқи нишондоди он Ҷалилов 600 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд.

Ин нишондиҳанда дар Қаҳрамонии Тоҷикистон аз ҳама боло буд.



Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.