расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд

. / Варзиш

Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд

Интихоби Мавзуна чориева ба ин вазифа бо тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ сурат гирифтааст

Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба бокс Мавзуна Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи ахири Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сурат гирифт.

Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият дошт.

Гуфта мешавад, ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло доир гаштааст.Ҳадафи асосии интихоби Чориева ба ин вазифа пайравӣ аз сиёсати ҳукумати кишвар оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ мебошад.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа, ҳамчунин сохтори Кумита тасдиқ ва масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардиданд.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.