расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Сафаров беҳтарин ҳимоятгари соли 2021 шуд: дар радабандии AFC

. / Варзиш

Сафаров беҳтарин ҳимоятгари соли 2021 шуд: дар радабандии AFC

Рақибони футболбози тоҷик аз Арабистони Саудӣ ва Ҷопон буданд

Футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров беҳтарин муҳофизи тарафи рости мавсими 2021 дониста шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) радабандиеро тартиб додааст, ки тибқи он 11 футболбози беҳтарин дар охири соли 2021 интихоб шудаанд.

12 футболбоз барои гирифтани 4 ҷои беҳтарин мубориза бурданд.

Бар асоси ин рейтинг, Манучеҳр Сафаров бо касби 63 дарсади овозҳо беҳтарин ҳимоятгари тарафи рости соли 2021 эътироф шуд.

Рақибони ӯ — Муҳаммад Ал-Бурайк (Ал-Ҳилол, Арабистони Саудӣ), Султон Ал Ғаннам аз Ал-Наср ва Казуя Мияхара (Нагоя Грампус, Ҷопон) мутаносибан 27%, 8% ва 1% овоз гирифтанд.

Манучеҳр Сафаров, футболбози 19-солаи тоҷик, дар сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба дарвозаи «Ал-Ҳилол» ду гол ворид кард.

Он замон вохурй бо ҳисоби бузурги 4:1 ба фоидаи тими Душанбе анчом ёфт. Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки дар гурӯҳи «А» дар зинаи аввал қарор гирад.

«Истиқлол» дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо «Персеполис» танҳо дар дақиқаҳои охир бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд. Аммо бозии Манучеҳр сармураббии Теҳронро мутаассир кард ва «Персеполис» шартномаи футболбози тоҷикро харид.

Ду футболбози тоҷик ба «Персеполис» гузаштанд, аммо ҳоло дар он ҷо бозӣ карда наметавонанд
Сафаров бо яке аз дастаҳои пешсаф, охири соли 2021 шартнома баст. Он то моҳи июни соли 2023 ҳисоб шудааст, футболбоз зери рақами 33 бозӣ мекунад.

Ба иттилои Transfermarket, Манучеҳр Сафаров бо нархи 175 ҳазор евро ба бошгоҳи эронӣ гузашт.


Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.