расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Паҳлавонҳои беҳтарини сол дар куштии миллии Тоҷикистон эълон гардиданд

. / Варзиш

Паҳлавонҳои беҳтарини сол дар куштии миллии Тоҷикистон эълон гардиданд

Федератсияи куштии миллии Тоҷикистон беҳтарин паҳлавонҳои ин ришта дар соли равонро эълон кард

Темур Раҳимов куштингири шинохтаи тоҷик беҳтарин варзишгари сол дар ин ришта эътироф карда шуд, хабар дод телевизиони «Варзиш» аз қавли Федератсияи куштии миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 90 кило ва Мирзоҷамил Рамазонову Фирдавс Насимов дар вазнҳои худ беҳтарин дониста шуданд.

Таъкид шудааст, ки ҷоизаи беҳтарин сармураббӣ дар соли 2021-ро Хуршед Ибодуллоев соҳиб гардид. Мураббии сол Гулов Шоҳин эътироф кшудааст.

Инчунин Федератсияи куштии миллӣ, кори доваронро дар соли равон арзёбӣ намуда, Хусрав Шоевро беҳтарин довар дар соли 2021 хондаст. Дар феҳрасти беҳтаринҳои сол инчунин Федератсияи куштии милии минтақаи Кӯлоб ворид гардидаст.

Куштигирӣ анъанаи миллии тоҷикон буда, ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои бузург баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир мусобиқаҳои куштигирии байналмилалиро низ баргузор мекунанд. Аз ҷумла соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ барои Ҷоми раиси пойтахт бо иштироки намояндагони кишварҳои гуногун сурат гирифт.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, ки чор рӯз таҷлил мешавад, мавсими аслии мусобиқаҳои бузурги куштии миллӣ мебошад ва тамошобинони зиёдро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷамъ меорад.


Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.