расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Хушқадам дар Қаҳрамонии ҷаҳон ҳарифи амрикоияшро дар 25 сония аз пой афтонд

. / Варзиш

Хушқадам дар Қаҳрамонии ҷаҳон ҳарифи амрикоияшро дар 25 сония аз пой афтонд

Хушқадам Хусравов ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии Ҷаҳонии самбо роҳ ёфт

Паҳлавони тоҷик Хушқадам Хусравов ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии Ҷаҳонии самбо, ки дар Ӯзбекистон ҷараён дорад, ҳарифи худро мағлуб кард, хабар додааст рӯзноманигори тоҷик дар саҳифааш дар Facebook Хилватшоҳи Маҳмуд.

Варзишкори тоҷик дар 25 сония рақиби амрикоияш Николай Козитскийро аз пой афтонда ба даври чорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳонӣ гузашт.

Ҳамчунин, паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин каримов низ дар қувваозмоии нахустини худ дар вазни 58 кило ҳарифаш Чарлз Тайрон (Тринадо Тобаго)-ро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард.

Акмалиддин барандаи чоркаратаи унвони ноиб-Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо буда, соли 2014 Ҷоми ҷаҳонии самбо («Мемориал Харлампиев)-ро ба даст овардааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон 14 нафар намояндагӣ мекунад.

Мусобиқаи ҷаҳонии самбо дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд аз 12 то 14 ноябр идома мекунад, ки дар он беҳтарин варзишкорони ҷаҳон ширкта мекунанд.

Бунёди ҷоизаи ин мусобиқа 231 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамонони ҷаҳон чаҳор ҳазор доллар, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ мутаносибан се ҳазор ва ду ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишкорони 50 кишвари дунё дар назар аст.

Гуфта мешавад, мусобиқа дар шароити махсуси санитарии марбут ба пандемияи COVID-19 баргузор мешавад

Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.