расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Узбекистон ба Тошканд рафт

. / Варзиш

Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо Узбекистон ба Тошканд рафт

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр барои бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон ба Тошканд сафар кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттили манбаъ, футболбозони тоҷик субҳи сешанбе бо автобуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд ва аз онҷо тавассути гузаргоҳи «Ойбек» ба Тошканд барои бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон рафтанд.
Қабл аз сафар ба Узбекистон, ҳамаи аъзои тими миллии Тоҷикистон аз ташхиси коронавирус гузаштанд, ки натиҷаи манфӣ дод. Ҳангоми расидан ба Тошканд, аъзои даста бори дигар санҷишҳои коронавирусро месупоранд.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон 3-юми сентябр дар варзишгоҳи «Локомотив»и Тошканд соати 19:00 шуруъ мешавад.
Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев бо худ ба Тошканд 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурдааст.
Ҳимоятгари «Хуҷанд» Дилшод Бозоров, ки дар яке аз тамринҳои мунтахаби кишвар лат хӯрдааст, ба ихтиёри бошгоҳи худ рафт.
Ҳимоятгари “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев, ки дар ихтиёри бошгоҳи худ мебошад, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Тошканд мепайвандад.
Дарвозабони “Истиқлол”-и Душанбе Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия (0:1) моҳи ноябри соли гузашта корти сурх гирифта буд, тибқи дастури FIFA дар бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон иштирок намекунад.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»)

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.