расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » “Истиқлол” дар Туркия тими "Николаев"- и Укроинро шикаст дод

. / Варзиш

“Истиқлол” дар Туркия тими "Николаев"- и Укроинро шикаст дод

Пирӯзии дастаро голи задаи Манучеҳр Ҷалилов таъмин кард.

Сурат: ДФ "Истиқлол"
Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имрӯзҳо дар Анталияи Туркия машқҳои дастаҷамъиву ҷисмониву машғулиятҳои назариявии худро барои омодагӣ ба мавсими нав мегузаронад, бозии дуюми санҷишӣ баргузор кард.
Пас аз натиҷаи мусовӣ бо тими “Тараз”-и Қазоқистон футболбозони тоҷик дастаи “Николаев”-и Укроинро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Голи ягонаро дар дақиқаи 55-ум ба дарвозаи ҳарифон Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид, хабар медиҳад дафтари матбуоти дастаи “Истиқлол”.
Бозии сеюми қаҳрамони Тоҷикистон дар Анталия (Белек) 10 март бо  дастаи “Оқжетпес”-и Қазоқистон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, боз як вохӯрии санҷишии футболбозони тоҷик рӯзи 12 март бо тими “Житомир”-и Украина ба нақша гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.