расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » «Хатлон» ва «Истиқлол» дар финали Ҷоми ФФТ бозӣ мекунанд

. / Варзиш

«Хатлон» ва «Истиқлол» дар финали Ҷоми ФФТ бозӣ мекунанд

“Истиқлол” бо душворӣ ба бозии финалӣ роҳ ёфт.


Дар вохӯрии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки рӯзи 20 феврал доир мегардад, дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекунанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 феврал бозиҳои нимфиналии мусобиқа доир гардида, “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 дастаи “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб кард.
Гуфта мешавад, дар бозии дигари нимфиналӣ байни “Истиқлол” ва тими “Регар-ТадАЗ” футболбозони шаҳри Турсунзода дар аввали бозӣ ба дарвозаи душанбегиҳо ду тӯб зада (2:0), лекин ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд ва дар ниҳояти кор “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Ба ин тариқ, дар бозии финалии Ҷоми ФТТ-2021 рӯзи шанбе, 20 феврал дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” бо ҳам рақобат мекунанд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 15:00.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ барои ишғоли ҷойи сеюм, ки он ҳам рӯзи 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, тимҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 11:00.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.