расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Ҷуфтҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ-2021 муайян шуданд

. / Варзиш

Ҷуфтҳои нимфиналии Ҷоми ФФТ-2021 муайян шуданд

Бозиҳои нимфиналии мусобиқа рӯзи 17 феврал баргузор мешаванд.

Сурат: ФФТ
Ҷуфтҳои нимфиналии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 муайян шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи “А” “Истиқлол” тими “Равшан”-ро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб карда, зинаи аввалро ишғол намуд.
Бозӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Барқчӣ” бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи регариҳо ба анҷом расида, онҳо ҳам ба даври нимфиналӣ роҳ ёфтанд.
Ба ин тариқ, дар вохӯриҳои 1/2 финалии Ҷоми ФФТ рӯзи 17 феврал “Истиқлол” - “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” - “Равшан” бо ҳам бозӣ мекунанд.
Ҳар ду вохӯрии нимфиналӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, оғози бозиҳо соати 11:00 ва 15:00 муқаррар шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.