расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Фаридун аз зиддиятҳои падар, муносибатҳо бо Ҳабиб ва сирри пирӯзӣ: зораву тавалло кардам

. / Варзиш

Фаридун аз зиддиятҳои падар, муносибатҳо бо Ҳабиб ва сирри пирӯзӣ: зораву тавалло кардам

Фаридун Одилов, варзишкори номии тоҷик, ки ҳаводаронаш баъди як пирӯзиаш дар Маскав унвони қаҳрамониаш медиҳанд, мегӯяд ба пирӯзии ахираш боварӣ надошт. Ӯ меафзояд, "ҳамаш хости Худованд буд"
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Фаридун Одилов ду рӯзи ахир аст, ки дар авҷи шӯҳрат қарор дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз акси варзишкор ва таҳсинҳои саршор нисораш. Ҳаводорони варзиш "қаҳрамонаш" мехонанд.
Аслан, исми Фаридун Одилов дар варзиши Тоҷикистон нав нест: ӯ танҳо дар риштаи самбо қаҳрамони 5-каратаи ҷумҳурӣ аст. Дар ҳамин ришта қаҳрамони Осиё низ шудааст. 
 Аммо пирӯзии ахири Фаридун дар муҳорибаҳои тарзи омехта, номи ӯро дар дохилу хориҷи кишвар машҳуртар кард. Акнун, Одилов, дастпарвари клуби "Аҳмад Тоҷикистон" соҳиби ду камарбанди EFC аст.
Фаридун Одилов, варзишкори номии тоҷик дар соҳаи самбо, гӯштин ва муҳорибаҳои омехта 9 феврал дар Маскав дар мусобиқаи Eagle Fighting Championship (EFC) ба ҳарифи русаш Сергей Калинин пирӯзии мутлақро ба даст овард.
Sputnik Тоҷикистон бо ситораи варзиш мусоҳиба кард ва сирри муваффақиятҳояшро пурсон шуд. Фаридун дар ин сӯҳбат аз муносибати хонаводааш бо муҳорибаҳои омехта, муносибатҳояш бо варзишкори машҳур Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳиссиёташ аз пирӯзӣ нақл кард.

Касе маро ба варзиш маҷбур накардааст: -кӯдакӣ, падар ва саҳархезӣ

- Фаридун меҳри варзишро дар дили шумо кӣ бедор кард ва чигуна ба ин роҳ рафтед?
- Варзиш - "касб"-и авлодии хонаводаи мост. Падарам хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе, устоди варзиш ҳастанд. Дар кӯдакӣ доим падарро машғули тамрин медидам. Ман, ки писари калонии хонавода будам, дар бари падар саҳаргоҳон медавидам. 
- Машқро дар  чандсолагӣ сар кардед, оё шуморо ҳам ба тамрин кардан маҷбур мекарданд?
- Саҳархезиро маҷбур мекарданд, машқро не. Ман худамро дар ёд дорам, ки машқ мекунам, хело хурд будам. Тамрини бадан - дар хонаводаи мо дар реҷаи ҳаррӯза дохил мешавад ва ҳатмист. Падарам машқ мекард, ман машқ мекардам ва ҳоло додаронам тамрин мекунанд.
- Ба варзиши касбӣ кай пайвастед?
- Вақте мактабхон будам, падарам ба соҳаи маориф гузаштанду манро барои тамрин назди дигар мураббиҳо, ба назди Абдувосид Шодиев барои тамрини гӯштин равон карданд.
 Баъди хатми мактаб, соли 2010 ман ҳам бо роҳи падар рафтам - ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе дохил шудам ва соли 2015 соҳаи омодагии дифои ҳарбии донишкадаро хатм кардам.


Муҳорибаҳои омехта, мухолифати падару модар ва пирӯзиҳои пай дар пай

- Шумо дар риштаи самбо ба муввафақиятҳо ноил гаштед. Чаро ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, муҳорибаҳои омехтаро  пеш гирифтед?
- Соли 2015 ман дар мусобиқаи самбо 5-ум бор қаҳрамон шудам. Дар ҳамон ҷо як устоди варзиш ба ман пешниҳод кард, ки дар муҳорибаҳои омехта низ қувваи худро санҷам. Аз соли 2016 муҳорибаҳои ман дар ин ришта низ сар шуданд.
Як сабаби дигар ҳам ҳаст. Барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 сахт омодагӣ дида будам, аммо роҳхатро  ба даст оварда натавонистам. Каме дилшикаста шудам ва маҳз баъди ҳамин тасисам дар муҳорибаҳои омехта ҷиддӣ шуд.
- Касе аз хонаводаатон садди роҳатон нашуданд?
- Дар авал ҳам падар ва ҳам мордарам мухолифи муҳорибаҳои ман дар ММА буданд. Падарам феълан ин иқдоми маро қабул кардааст, вале модарам то ҳол таъкид мекунанд: саломатиатро эҳтиёт кун. Баъзан, пешниҳод ҳам мекунанд: "бас кун ин намуди варзишро".
- Ин чандумин муҳорибаи шумо дар муҳорибаҳои омехта аст?
- Ин бори 15-уми аст, ки ман ба октагон мебароям. 11 пирӯзӣ дорам, 2 бор мағлуб шудам ва 2 маротиба бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом расид.
- Кадом заифиҳои Сергей Калинин ва ё кадом бартариҳоятон боиси пирӯзии шумо гаштанд? Ба ин бозӣ чанд вақт омодагӣ дидед?
- Барои бозӣ 2,5 моҳ омодагӣ дидам. Тамринҳо қисман дар Душанбе буданд ва қисми дигарашон дар Маскав идома ёфтанд. Ман фикр мекунам бартарии асосии ман дар таҷрибаам буд. Калинин аз ҳамин ҳисоб натавонист ба ман пирӯз шавад.
- Усули буғӣ карданро, бори нахуст истифода кардед?
- Дар муҳорибаҳои омехта мо бояд тактикаҳои гуногунро истифода барем. Аз ҷумла буғӣ карданро. Ин усул бароям нав нест ва истифода аз он ҳаққи варзишкории ман дар риштаи муҳорибаҳои омехта аст.

Ҳабибро шахсан намешиносам. Ба пирӯзӣ боварӣ надоштам...

- Ҳамкориҳоятон ба "Аҳмад Тоҷикистон" чигуна сар шуданд? Бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, варзишкори номии доғистонӣ ҳамкорӣ доред?
- Бо Ҳабиб шахсан шинос нестам. Дар ҳамин муҳорибаи ахирон бори нахуст ӯро дидам. Сӯҳбати кӯтоҳи мо дар майдон буд, тамом. EFC ташкилоте, ки муҳорибаро ташкил кард, марбут ба Ҳабиб аст.
Бо бошгоҳи "Аҳмад Тоҷикистон" ва президенти он Раҷабалӣ Баёнов бошад, ҳамкориҳоямон аз соли 2016 сар шуданд. Зери назорати ӯ машқ мекунам ва маҳз бо дастгии Баёнов дар муҳорибаҳо ширкат меварзам. 
- Дар муҳорибае, ки Ҳабиб дар Душанбе ташкил карданист, ширкат мекунед?
- Намедонам. Аммо бояд қайд кард, ки  гузаронидани муҳорибаҳои тарзи омехта як мудат дар Тоҷикистон мамнӯъ буданд. Чанде пеш иҷозат доданд ва ташкили чунин муҳориба боиси хурсандии мо аст. Ҳабиб аз ин иқдомаш дар ҳамон муҳорибаи шоми 9-уми феврал низ эълон кард ва гуфт, ки дархостҳои ҳаводорони ин ришта аз Тоҷикистон зиёд аст.
- Ифодаи эътиқоди варзишгар дар майдон ба фикри Шумо бо кадом сабаб аст? Диндорӣ ба шумо нерӯ мебахшад? 
- Ман дар ин бора ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Фақат гуфтан мехоҳам, ки ҳиссиёте, ки пеш аз мусобиқа варзишгарро фаро мегирад, худаш медонаду Худованд... 
Ман ҳам пеш аз мусобиқа пеш аз мусобиқа аз Худованд бисёр зораву тавалло кардам, ки пирӯзиро насиби ман гардонад. Фақат такя бар Худо карда будам, вақте ки камарбандро гирифтам, шукрона кардам ва ин ҷо ягон худнишондиҳӣ набуд, ҳама аз таҳти дил буд.  Ман боварӣ надоштам, ки ғолиб меоям.
- Нахустин фикре, ки пас аз пирӯзӣ ба саратон омад, чӣ буд?
- Оҳи сабук ва як фикр, "тамоми заҳматҳои кашидаам барои ҳамин буданд".

"Тоҷикистон ба пеш"

- "Тоҷикистон ба пеш" - шиори Шумост?
- Бале, шиори бошгоҳи мост. Ин шиор аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон, ки бисёр варзишгаронро дастгирӣ мекунанд, маншаъ мегирад. Аз ман ҳам ҳаст.
- Дар як рӯз чанд соат машқ мекунед ва оё вазнатонро танзим мекунед: дар шумо ҳам "парҳез" ҳаст?
- Қариб тамоми рӯз ман дар толори машқам: дар як вақт мураббӣ ҳам ҳастам ва варзишкоронро субҳу шом машқ меомӯзам. "Диета" надорам, вале вазнамро танзим мекунам - камарбанди нахустинам  дар вазни 93 кило буд, дувуминаш дар вазни 84 кило.
- Чаро шуморо Фаридуни "терминатор" мегӯянд?
- Намедонам, ин саволро ба Раҷабалӣ Баёнов диҳед, ки ин лақабро вай ба ман додааст.
- Пирӯзии шумо ҷоизаи пулӣ ҳам дошт?
- Бале, мусобиқаҳо албатта бидуни ҳавасмандкунии молӣ намешаванд, аммо ҳаҷмаш махфист.
- Беҳтарин варзишкорони ҷумҳурӣ ба фикри Шумо киҳоянд?
- Комроншоҳ Устопирён, Баҳодур Усмонов, Дилшод Назаров ин рӯйхат дароз аст.
- Ғайр аз варзиш, ҳунари дигаре ҳам доред?
- Аз ӯҳдаи хӯрокпазӣ мебароям: тухмбирён омода мекунам. (механдад - идора).
- Боре аз баҳри варзиш баромадаед?
- Рӯҳафтода шудам, аммо аз баҳри варзиш набаромадам.
- Нақшаҳои Шумо?
- Ҳар медале, ки аз хориҷ ё аз дохил мегирифтам, ба падарам мебурадам. Камарбанди нахустинам, ки моҳи окятбри соли 2020 ба даст омад, тақдими падарам гашт. Ин бор ният кардам, ки агар камарбанд гирифтам ба модарам мебарм. Вақте ба Тоҷикистон рафтам, камарбандро ба модарам тӯҳфа кунам.
Мехоҳам дар оянда ба октагонҳои ҷаҳонӣ, ба UFC роҳ ёбам ва номи Ватанамро муаррифӣ кунам. 
Фаридун кист?
Фаридун Орипови 28-сола зодаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аст. Хатмкардаи факултаи Омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов, қаҳрамони панҷкаратаи мусобиқаҳои самбои ҷумҳурӣ, қаҳрамони Осиёи дар риштаи самбо ва ҳамакнун соҳиби ду камарбанд дар муҳорибаҳои омехта.
Асосан дар вазни 84 килограм вориди муҳорибаҳо мешавад. Ӯ дар риштаи муҳорибаҳои омехта дар WFCA, FNG, Gorilla Fighting Championships ба майдон баромадаст. Бозиҳои номовараш бо ҳарифонаш Дмитрий Шевораков, Жанwанг Ианг, Лан Уу буданд.
Фаридун Шодиев Абдувосид, Муллобоев Бурҳонбой, Ибронов Ҷамшед Зайдуллоев Изатуллоро мураббиёни худ медонад. Панҷ маротиба ҳарифонашро нокаут кардааст ва як маротиба нокаут шудааст.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Read more: https://sputnik-tj.com/style/20210211/1032807278/faridun-odilov-varzish-efc-habib-nurmuhammadov.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • vrosnogotmt | Гости

    Выхоленные ногтики на пальцах и ножках - такое примета такого, то же пользователь человек ухоженный и педантный, однако случается, что вполне и у аккуратных индивидуалов встречаются всяческие болезни твердой слоя по виде грибка https://vros-nogot.ru/, врезавшихся ногтей и иных поврежденных ногтей. Нередко причиной данного вопроса получиться быть пренебрежение к мероприятиям, которые Вы часто бывает: обувные точки, спорт зал, примерочные, бани либо неудобная ботинки, кроме такого плюс неудовлетворительное состав питательных микроэлементов в бентосе может вызвать до ломкости роговой ткани. Решение аналогичных вопросов ногтевой пластины заключается тщательным отбором правильных препаратов Vros-Nogot.Ru, посещение эксперту и непрерывный присмотр с персональными ногтями. На указанном ресурсе как обрезать дома вросший ноготь досконально опубликованы различные проблемы ног, с какими Вы сможет встретиться, также подробное растолкование также поэтапные шаги, каковы помогут Вам разработать первые шаги по избавлении от инфекции. Лишь надежная плюс необходимая данные именно по указанному вопросу нацелена сконцентрованная на предоставленном сайте.

  • Sheorica | Гости

    Советую Вам зайти на сайт, с огромным количеством информации по интересующей Вас теме. Там Вы непременно всё найдёте. ---- https://turksezon.net/serials2018/2163-chukur-2-sezon.html Извиняюсь, но это мне не совсем подходит. ---- https://kadbase.ru/reestr/77-moskovskij-gorodskoj/77:01-centralnyj/77:01:000305
    3-oks/77:01:0003053:2139-moskva-krasnoselskij-ul-panteleevskaya-d-2-kv-101/
    Извините, что я Вас прерываю, но, по-моему, эта тема уже не актуальна. ---- https://mkdbase.ru/mkd/78-sankt-peterburg/g-sankt-peterburg/ul-bely-kuna/192238
    -g-sankt-peterburg-ul-bely-kuna-d-12-liter-a/
    Я думаю, что Вы ошибаетесь. Могу отстоять свою позицию. Пишите мне в PM, обсудим. ---- купить аккаунты vkontakte Полезная штука ---- Холодильник Mitsubishi Electric MR-FR51H-SB-R купить Я конечно, прошу прощения, но не могли бы Вы дать немного больше информации. ---- cryto news Да делали ---- туя брабант оптом Вторая часть не очень... ---- https://lolz.guru/threads/2625583/ не отказалась бы, ---- космолот украина играть ниче полезногО он не делает. !!!ОТСТОЙ!!! ---- https://book-ofra-online.ru/igrovie_avtomati_knigki.html

  • Galina | Гости

    Первое что мы сделали когда посетили Мюнхен, это обошли почти все музеи города ) Это правда заняло целую неделю, но это того стоило. Большего всего впечатлений было от музея Человек и Природа и музей египетского исскуства. И конечно же свой след оставил мемориал Дахау. Так что Мюнхен действительно богат музеями и посетить хотя бы парочку самых популярных стоит однозначно. Тут есть перечень музеев  - Топ 25 лучшие музеи Мюнхена. Главное после каждого музея заряжаться Пауланером ) У них он там в местных пабах просто бесподобный   ;) В следующем году весной, мы собираемся в Кельн и в том же репертуаре )

    Новости приложений на каждый день. Самые свежие новости из мира приложений.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.