расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Вазорат: Дар Тоҷикистон то ҳол “штамми британиягӣ”-и COVID-19 ошкор нашудааст

. / Варзиш

Вазорат: Дар Тоҷикистон то ҳол “штамми британиягӣ”-и COVID-19 ошкор нашудааст

Вазири тандурустӣ омодагии фурудгоҳро ба ошкор кардани штамми нави коронавирус санҷид.


Сурат: Аксҳо аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ
Бо назардошти он, ки  “штамми британиягӣ”-и бемории коронавирус дар як қатор кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз  интиқоли ин навъи сироят ба мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, бо ин  мақсад 2 феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳи мазкур шинос гардид.
Гуфта мешавад, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, “штамми британиягӣ”-и  коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.

Қайд мешавад, ки дар дигар фурудгоҳҳои кишвар низ чунин нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда истодаанд, ки ҳар ҳар нафаре аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид  мегардад, аз муоинаи табибон  гузаронида мешавад.
“Ҳамзамон, дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар низ нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ки ҳар нафари ба Тоҷикистон воридшуда аз ташхис гузаронида мешаванд”, - омадааст дар хабари маркази матбуоти Вазорат.
Зимнан зикр мегардад, ки во вуҷуди он ки аз оғози моҳи январи соли равон дар кишвар бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, Вазорат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар самти пешгирӣ ва табобати бемории мазкур тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта истодааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.