расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » “Ҷоми рушд-2021”: Тоҷикистон - Қазоқистон -7:1

. / Варзиш

“Ҷоми рушд-2021”: Тоҷикистон - Қазоқистон -7:1

Мусобиқаи футбол байни наврасон дар шаҳри Минск ҷараён дорад.

Сурат: fft.tj
Дар вохӯрии аввали худ дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар шаҳри Мински Беларус футболбозони тоҷик ҳамсолони худро аз Қазоқистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 мағлуб карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии даври дуюм футболбозони навраси тоҷик бо дастаи Молодова бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ рӯзи чоршанбе, 3 феврал соати 14:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.
Мусобиқаи анъанавии “Ҷоми рушд-2021” дар маҷмааи футболи Минск ҷараён дорад. Мусобиқа аз рӯи низоми даврагӣ дар як қисм баргузор шуда, ғолиб аз рӯи шумораи имтиёзҳои бештари касбкардааш муайян мегардад.

Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” байни наврасон дар Минск

Даври 1-ум
Қазоқистон (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:7
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯурабекзода, 89 (1:7).
31 январ. Минск. Манежи футбол.
Даври 2-юм
3 феврал (чоршанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН (U-17) – Молдова (U-17)
17:30 – Беларус (U-17) – Қазоқистон (U-17)
Даври 3-юм
6 феврал (шанбе)
14:00 – Молдова (U-17) – Қазоқистон (U-17)
17:30 – Беларус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17).
Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.