расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Футболбози муваффақи тоҷик бо дастаи Ӯзбекистон қарордод баст

. / Варзиш

Футболбози муваффақи тоҷик бо дастаи Ӯзбекистон қарордод баст

Муҳлати қарордод то охири соли 2022 пешбинӣ шудааст.

Сурат: ФФТ
Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбеи 21-сола минбаъд дар дастаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон - “Навбаҳор” аз Намангон бозӣ мекунад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи “Истиқлол”, баъди аз дастаи “Навбаҳор” расидани пешниҳод дар бораи ба даста даъват кардани Эҳсони Панҷшанбе ва ба инобат гирифтани хоҳиши худи футболбоз, ки ба ин гузариш розӣ шуда, хостааст маҳорати худро дар дигар чемпионат санҷад, раҳбарияти “Истиқлол” ин пешниҳодро пазируфтааст.
Пас аз анҷоми расмиёти ҳамаи ҳуҷҷатҳо Эҳсони Панҷшанбе бо дастаи “Навбаҳор”-и Намангон қарордод баст, ки муҳлаташ то охири соли 2022 пешбинӣ шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои даври аввали мусобиқаи Суперлигаи футболи Ӯзбекистон дастаи “Навбаҳор” дар ҷадвал зинаи 7-умро ишғол мекунад. Эҳсони Панҷшанбе пас аз бозии мунтахабҳои миллии футболи Ӯзбекистону Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр дар Тошканд ба ҳайати даста ҳамроҳ мешавад.
Эҳсони Панҷшанбе аз нимаи дуюми мавсими футболи соли 2016 дар ҳайати дастаи “Истиқлол” бозӣ мекард. Дар ин давра ҳамроҳи даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷом ва Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуда, инчунин дар бозии финалии Ҷоми КФО-2017 бозӣ кардааст.
Аз рӯйи натиҷаҳои мавсими футболи соли 2018 Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардида буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.