расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » “Истиқлол” - аввалин иштирокчии даври финалии Ҷоми ФФТ-2021

. / Варзиш

“Истиқлол” - аввалин иштирокчии даври финалии Ҷоми ФФТ-2021

Бозиҳои даври финалӣ моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад.

Сурат: ФФТ
Дар минтақаи Душанбе бозиҳои давраи дуюми марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд. “Истиқлол”-и Душанбе аввалин иштирокчии даври финалӣ шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, бозиҳо дар гурӯҳи “А” рӯзи 28 январ бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: “Регар-ТадАЗ” - “Локомотив-Помир” - 2:1 ва “Кӯктош” - “Шоҳмансур” - 4:0.

Дар гурӯҳи “Б” “Истиқлол” тими “Барқчӣ”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозӣ байни дастаҳои “Душанбе-83” - “Ваҳдат” мусовӣ - 1:1 ба охир расид.
Аз рӯйи натиҷаҳои ду давр “Истиқлол” бо касби 6 имтиёз барои дигар дастаҳои гурӯҳи “Б” дастнорас шуда, аввалин дастае шуд, ки ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсия-2021 роҳ ёфт.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ дар минтақаи Душанбе ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври финалии Ҷоми Федератсия 2021, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳ меёбанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.