расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Рустам Хоҷаев сармураббии нави тими "Хуҷанд" шуд

. / Варзиш

Рустам Хоҷаев сармураббии нави тими "Хуҷанд" шуд


Сурат: Федератсияи футболи вилояти Суғд
Рустам Хоҷаев сармуррабии нави тими бошгоҳи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин шудааст. Дар ин бора Федератсияи футболи вилояти Суғд хабар медиҳад. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Ҳаким Каримов омад, ки ҳамагӣ 6 моҳ кор кард. 
Ҳамчунин дар баробари сармуррабӣ, Фаррух Марофиев ба унвони мураббии калон ва Мансур Ҳакимов ба ҳайси мураббӣ  дар ин бошгоҳ таъин шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин тағйирот дирӯз, 18-уми январ дар як ҷаласаи корӣ аз сӯйи мудири иҷроияи бошгоҳ Муродҷон Умаров сурат гирифтааст. 
Рустам Хоҷаев дар гузашта яке аз футболбозони маъруфи тоҷик буд, ки дар тими миллӣ ба унвони нимҳимоятгар бозӣ кардааст. 
Рустам Хоҷаеви 44-сола таҷрибаи сармуррабигиро дар дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат, "Вахш"-и Бохтар ва "Барқчӣ"-и пойтахт ҳам дорад ва дар тими миллӣ ёвари сармуррабӣ Ҳаким Фузайлов низ ҳаст. 
Соли 2013 Рустам Хоҷаев беҳтарин муррабии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд ва ҳамон сол дастаи "Хайр" барандаи медалҳои биринҷӣ ва соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.