расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Темур Раҳимов дар World Judo Masters: як қадам то медоли биринҷӣ

. / Варзиш

Темур Раҳимов дар World Judo Masters: як қадам то медоли биринҷӣ

Баъди шикаст додани ҷудокори курёӣ Темур Раҳимов акнун барои медоли биринҷӣ мубориза мебарад.


Темур Раҳимов, паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо ё World Judo Masters дар Давҳаи пойтахти Қатар, ки баъди ду пирӯзӣ дар даври сеюм шикаст хӯрда буд, дар даври шонси муҷаддад ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод ва акнун барои медоли биринҷӣ мубориза мебарад. 
Темур Раҳимов дар даври аввал рақиби утришиаш Стефан Ҳегиро бо имтиёзи иппон шикаст дод ва дар даври дувум бар рақиби пурзӯраш Сассон Ори исроилӣ пирӯз шуд.
Аммо дар давре сеюм аз ҷудокори рус Инал Тасоев шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо барои ба даст овардани медалли тилои ин сабқати бонуфуз маҳрум шуд.
Аммо Темур Раҳимов дар даври шонси муҷаддад ё тасаллобахш ҷудокори курёӣ Ким Минҷонгро шикаст дод ва акнун барои медоли биринҷӣ мубориза мебарад.
Дирӯз дар ин сабқатҳо ду паҳлавони номии тоҷик дар давраи аввал мағлуб шуданд. 
Сомон Маҳмадбеков  дар даври аввал аз Акил Ҷаково аз Косово  ва Беҳрӯзи Хоҷазода аз намояндаи Молдова Виктор Стерпу шикаст хӯрданд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.