расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Иштироки 10 даста дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Суғд

. / Варзиш

Иштироки 10 даста дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Суғд

Ин мусобиқа рӯзҳои 21-24 январ дар варзишгоҳи “Лочин” дар Хуҷанд доир мегардад.

Сурат: ФФТ
Дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Суғд 10 даста иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дастаҳо ба ду гурӯҳ ҳар кадоме иборат аз 5 даста тақсим шуданд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд. Мусобиқаи мазкур дар Суғд рӯзҳои 21-24 январ дар варзишгоҳи “Лочин” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Мактаби махсуси футболи-Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Сирдарё» (Хуҷанд), «Гулистон» (Гулистон), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) бозӣ мекунанд.
Гурӯҳи «Б» аз тимҳои «Истаравшан» (Истаравшан), Мактаби махсуси футбол (Конибодом), «Эсхата» (Хуҷанд), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Зарафшон» (Ҷаббор Расулов) иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки марҳилаи пешакии мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021 дар се минтақа - Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешавад. Мусобиқа дар минтақаи Душанбе аз рӯзи 23 январ шурӯъ мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо қарори ФФТ, дастаҳо аз пардохти аъзоҳаққӣ барои иштирок дар мусобиқа озод буда, ҳамаи хароҷоти ташкилу баргузории мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.