расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Мутахассиси футболи тоҷик сармураббии қаҳрамони чоркаратаи Қирғизистон таъин шуд

. / Варзиш

Мутахассиси футболи тоҷик сармураббии қаҳрамони чоркаратаи Қирғизистон таъин шуд

Ӯ дастаро ба мавсими нав ва мусобиқаи Ҷоми КФО омода мекунад.

Нуъмонҷон Юсупов
Сурат: fft.tj
Мутахассиси футболи тоҷик Нуъмонҷон Юсупов, ки қаблан дар дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” кор мекард, расман сармураббии дастаи “Олой”-и Ош, қаҳрамони чоркаратаи футболи Қирғизистон таъин шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими муаррифии Нуъмонҷон Юсупов ба сифати сармураббии тими “Олой” рӯзи 5 январ дар шаҳри Ош баргузор шуд.
Мутахассиси тоҷик дастаро ба мавсими нави футбол дар мусобиқаи Чемпионати Қирғизистон ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021, ки тими “Олой” ҳамчун барандаи Ҷоми футболи Қирғизистон имсол дар он ширкат меварзад, омода мекунад.
Нуъмонҷон Юсупов қаблан дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол”-и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Соли 2016 ҳамроҳ бо дастаи “Истиқлол” ҷоизаҳои қаҳрамонии мавсимро ба даст оварда, соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистн шуд. Соли 2019 “Хуҷанд” таҳти сарварии Юсупов бори нахуст ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳхат гирифт.
Охирин ҷойи кори Нуъмонҷон Юсупов мактаби футболи “Спартак Юниор”-и шаҳри Пензаи Русия буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.