расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Криштиану Роналду писандидатарин шахси Instagram шуд

. / Варзиш

Криштиану Роналду писандидатарин шахси Instagram шуд

Ӯ зиёда аз 250 млн нафар обуначиён дорад.

Сурат: football.ua

Футболбози “Ювентус” ва тими мунтахаби Португалия Криштиану Роналду шахси аввали Instagram дониста шуда, дар аккаунти ӯ зиёда аз 250 млн нафар корбарон обуна шудаанд, менависад Медуза.

Аз рӯйи шумори обуначиён аккаунти Роналду танҳо аз саҳифаи расмии Instagram дар шабакаи иҷтимоӣ, ки ба он беш аз 382 млн нафар обунаанд, камтар корбарон дорад.

Пас аз Роналду сароянда Ариана Гранде ҷойгир шудааст, ки ба аккаунти ӯ 214 млн нафар корбарон обуна шудаанд.
Яке аз маводи гузошта (пост)-и Роналду дар Instagram дар соли 2020 аз ҳама бештар аз ҷониби корбарон писандида шуд ё худ лайк гирифт. Ин ҷо сари маводи чопшуда дар робита ба марги футболбоз Диего Марадона сухан меравад. Ин сабт аз 25 ноябр зиёда аз 19,7 млн лайк гирифт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.