расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Раҳматулло Фузайлов сармураббии “Истаравшан” таъин шуд

. / Варзиш

Раҳматулло Фузайлов сармураббии “Истаравшан” таъин шуд

Қаблан Алиёр Ашӯрмамадов сари ин мансаб қарор дошт.


Сурат: t.me/VarzishTv_Tjk
Футболбози маъруфи Тоҷикистон ва Русия, ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан таъин шуд. Дар ин бора ТВ “Варзиш” хабар медиҳад.
Қаблан Алиёр Ашӯрмамадов сари ин мансаб қарор дошт.
Раҳматулло Фузайлови 42-сола касби сармураббигии худро соли 2016 дар тими “КМВА (ЦСКА)-Помир” оғоз намуда, сипас дастаи “Кӯктош”-ро ба роҳбарӣ гирифт, менависад sports.tj.

Ӯ дар дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда, дар ҳайати тими “Нефтчӣ”-и Фарғона ду маротиба ба медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон ва Ҷоми футболи ин кишвар соҳиб шудааст.  
Ғайр аз ин, шурӯъ аз соли 2000-ум дар чор дастаҳои Русия: "Шинник" (Ярославл), "Алания" (Владикавказ), "Лада" (Тольятти) ва "Носта" (Новотроитск) бозӣ кардааст.
Соли 2007 ба Тоҷикистон баргашта, нахуст дар тими “КМВА-Помир” ва аз соли 2008 дар дастаҳои “Энергетик”, “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” ҳунарнамоӣ кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.