расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Бохти футболбозони тоҷик дар бозии дӯстона бо Баҳрайн

. / Варзиш

Бохти футболбозони тоҷик дар бозии дӯстона бо Баҳрайн

Тими миллии Тоҷикистон боз як бозии дӯстона бо АМА анҷом медиҳад.

Сурат: КМО ҶТ
Тими мунтахаби футболи Баҳрайн дар бозии рафиқона бар тими футболи Тоҷикистон ғолиб омад.
Бино ба иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон,  вохӯрӣ бо рақобати баробари дастаҳо сурат гирифта, Баҳрайн бо ҳисоби минималии 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввал зад. Бозии мазкур рӯзи 7 ноябр дар  шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор шуд.
Инчунин гуфта мешавад, ки рӯзи 12 ноябр тими миллии Тоҷикистон боз як бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ҳарифи тими миллии мо ин навбат мунтахаби футболи АМА хоҳад буд.
Бозии рафиқона
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ, 44.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эгашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов, 70), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
Довари марказ: Аҳмад Исо Дарвеш (АМА).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.