расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Тамрини аввали мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Дубай

. / Варзиш

Тамрини аввали мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Дубай

Дар ин ҷо футболбозони тоҷик ду бозии рафиқона мегузаронанд.

Сурат: ФФТ
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон тамрини аввали худро дар майдони Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) гузаронид. Чанде пеш футболбозони тоҷик ҷиҳати баргузории бозиҳои рафиқона бо мунтахабҳои Баҳрайн ва АМА ба Дубай омаданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар тамрине, ки таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев баргузор шуд, ҳамаи 25 нафар бозингарон иштирок карданд.
Қобили зикр аст, ки бозии якуми худро дар давраи машқу тамринҳо дар Дубай мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр бо тими Баҳрайн мегузаронад.
Вохӯрӣ дар майдони дастаи футболи “Ал-Васл” доир гардида, соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (20:30 бо вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.