расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Ҷоизадорони мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

. / Варзиш

Ҷоизадорони мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

“Равшан” ва “Эсхата” соли оянда дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.

Сурат: ФФТ
Рӯзи 26 октябр даври хотимавии мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Футболбозони дастаи “Панҷшер” дар меҳмонӣ тими “Шоҳмансур”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода ба медалҳои биринҷии мусобиқа даст ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

Ба медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи якуми футболи кишвар имсол дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва ба медалҳои нуқра - дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд соҳиб шуданд.
Ҷоизаи нишонзани беҳтарини лигаро дар ин мавсим ҳамлагари дастаи “Ҳулбук”-и Восеъ аваз Қамчинов ба даст овард, ки ба дарвозаи ҳарифон 30 тӯб ворид кард.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои имсола дастаҳои “Равшан” ва “Эсхата” соли оянда ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.