расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » “Истиқлол” ва “Равшан” барои дарёфти Суперҷом рақобат мекунанд

. / Варзиш

“Истиқлол” ва “Равшан” барои дарёфти Суперҷом рақобат мекунанд

Бо бозӣ барои дарёфти Суперҷом мавсими навбатии футбол дар ҷумҳурӣ расман оғоз мегардад.


Дар вохӯрии оғози мавсими нави футбол - Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи қаҳрамони кишвар “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи Ҷоми футболи ҷумҳурӣ -  тими “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ мекунад.
Бо бозӣ барои дарёфти Суперҷом як ҳафта пеш аз даври якум мавсими навбатии футбол дар Тоҷикистон расман оғоз мегардад. Агар вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёбад, ду қисми иловагии 15-дақиқагӣ ва агар дар ин қисмҳо низ ғолиб муайян нашавад, зарбаҳои 11-метра таъин мешаванд.
Бозиҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 баргузор шуда, дастаи “Истиқлол” 8 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019.
Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:2 шикаст дода, ба Суперҷом соҳиб шуд.
Соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар Ҳисор бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, бар дарёфти ин ҷоиза ноил гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.