расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Мусобиқаи чемпионати футзали Осиё соли оянда доир мегардад

. / Варзиш

Мусобиқаи чемпионати футзали Осиё соли оянда доир мегардад

Мусобиқа бояд аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувейт доир мегардид.

Сурат: ФФТ
Даври финалии мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё, ки бояд аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувейт доир мегардид, ба соли дигар гузаронида шуд.
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯзи 15 октябр федератсияҳои миллиии футболро, ки дастаҳои мунтахабашон ба ин мусобиқа роҳ ёфта буданд, дар ин бора огоҳ кардааст.

“Бо назардошти авҷи пандемияи Covid-19 дар Кувейт, инобати бехатариву солимии дастаҳои иштироккунанда ва ҷонибҳои манфиатдор, КФО пас аз баррасии масъала бо ҳамаи тарафҳои дахлдор тасмим гирифт, ки мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё ба моҳҳои март-апрели соли 2021 гузаронида шавад”, - омадааст дар ҳуҷҷати расмии КФО.
Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати футзали Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат мекунад.
Панҷ дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионати Осиё ба Чемпиоанти футзали ҷаҳон, ки соли оянда дар Литва баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.