расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Баҳрайн ва АМА дар моҳи ноябр

. / Варзиш

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Баҳрайн ва АМА дар моҳи ноябр

Ҳар ду бозиро футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ мегузаронанд.

Сурат: ФФТ
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рақибонашро дар бозиҳои дӯстона, ки моҳи ноябр баргузор мешаванд, муайян кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, рӯзи 7 ноябр футболбозони тоҷик бо тими Баҳрайн ва рӯзи 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунад. Ҳар ду бозиро шогирдони сармураббӣ Усмон Тошев дар меҳмонӣ - дар шаҳри Дубай мегузаронанд.

Гуфта мешавад, машқу тамринҳои омодагӣ ба ин бозиҳоро мунтахаби миллии кишвар охири моҳи октябр оғоз мекунад.
Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда гузаронида шуданд.
Дар ин марҳилаи мусобиқа соли оянда мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Муғулистон ва Мянма бозӣ хоҳад кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.