расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Парлумон ба гирифтани 200 млн қарзи дигар аз сӯйи ҳукумат мухолифат накард

. / Сиёсат

Парлумон ба гирифтани 200 млн қарзи дигар аз сӯйи ҳукумат мухолифат накард

Маблағи умумии қарзҳо 200 млн долларро ташкил медиҳад.


Маблағи умумии ду қарз, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дастрас мекунад, 200 млн долларро ташкил медиҳад.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи рӯзи 23 сентябр имзошударо оид ба пешниҳоди қарзи молиявӣ аз воситаҳои Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд барои дастгирии буҷети давлатӣ дар шароити пандемияи COVID-19 байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд тасдиқ намуд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки қарзи имтиёзноки дастрасмешуда дар ҳаҷми  50 млн доллар ба рӯйпӯш намудани касри буҷети кишвар ва дастгирии бахши иҷтимоӣ равона мегардад.
Вакилони мардумӣ ҳамчунин якдилона ва бидуни баррасӣ Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблаѓгузории тиҷорат (ITFC)-ро тасдиқ карданд.
Дар доираи татбиқи ин созишнома Тоҷикистон муддати се соли наздик барои рушди тиҷорат ба маблағи 150 млн доллар қарз мегирад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.