ХӮҶА-КОМАНДИР БОЗ БА ЯК ҲОЛАТИ ГАРАВГОНГИРӢ ДАР СОЛҲОИ ҶАНГ АЙБДОР ШУД

ВКД дар иттилоияш ягон ном наовардааст, вале дар гузоришҳои қаблиаш Хӯҷа Каримов, як фармондеҳи собиқи Фронти халқиро "марди 60-солаи сокини ноҳияи Хуросон” ном мебурд.
Хӯҷа Каримов яке аз бераҳмтарин фармондеҳони Фронти халқӣ ба шумор рафта, дар қатли даҳҳо нафар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешавад.
Хӯҷа Каримов, ки тақрибан 20 сол қабл аз Тоҷикистон фирор карда буд, рӯзи 30 июли соли 2019 дар шаҳри Дубай дастгир гардида, 17 феврали соли ҷорӣ ба Душанбе истирдод шуд.
Аз замони истирдодаш ба зидди ӯ алакай бо иттиҳоми 5 куштор ва қасди куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айб эълон кардаанд.