расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Боздошти беш аз 300 ҳазор нафар барои ҳаҷҷи бидуни иҷоза

Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Боздошти беш аз 300 ҳазор нафар барои ҳаҷҷи бидуни иҷоза

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ беш аз 300 ҳазор нафарро, ки барои адо кардани маросими ҳаҷ сабти ном нашуда буданд, боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар миёни афроде, ки дар рӯзҳои ахир боздошт шудаанд, цариб 157 ҳазор хориҷӣ ҳаст, ки ба ҷои раводиди ҳаҷ бо раводиди сайёҳӣ мехостанд адои ҳаҷ кунанд.
Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Ал-Басомӣ, раиси Кумитаи амнияти ҳаҷ гуфтааст, 140 гурӯҳи зоирон ва 64 ташкилоти интиқолдиҳанда, ки қоидаҳо ва дастурномаҳои ҳаҷро риоя намекардаанд, боздошт кардаанд.
Ҳамчунин, қариб 98 ҳазор воситаи нақлиётии ғайриқонунӣ ва 172 ҳазор афродеро, ки дар Макка муқим нестанд, ба маҳалли истиқомати худ баргардонидаанд.
sharqpress.com
Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, аз рӯзи 8-уми июн беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар сабтиномшуда барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ омадаанд.
Ҳамасола мақомоти амниятии Арабистони Саудӣ нафаронеро, ки ба таври қайриқонунӣ мехоҳанд ҳаҷ кунанд, боздошт менамояд.
Соли гузашта ҳам мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза ба ҳабс гирифта буданд.
Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ соли ҷорӣ муҷозот барои ширкати ғайриқонунӣ дар маросими ҳаҷро сахттар кард. Аз ҷумла, барои ин кор ҳукми зиндон низ пешбинӣ гардидааст. Оё шумо қонунан ба ҳаҷ рафтаед? Чӣ тавр инро метавон мушаххас кард? Дар ин мавод хонед.
Ҳамчунин, дар инфографикаи мо метавон дид, ки чӣ қадар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 5 соли ахир ба адои маросими ҳаҷ рафтаанд ва барои ин чӣ қадар маблағ сарф кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.