расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мудири маорифро кӣ таъин кунад? Салоҳияти раисони шаҳру навоҳӣ дар порлумон баҳс шуд

. / Сиёсат

Мудири маорифро кӣ таъин кунад? Салоҳияти раисони шаҳру навоҳӣ дар порлумон баҳс шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба баррасии тарҳе даст ба кор шудаанд, ки коҳиши салоҳияти раҳбарони шаҳру навоҳиро дар низоми маориф, пешбинӣ мекунад.

Дар ин тарҳ, ки аз сӯи ҳукумат ба парлумон ирсол гардидааст, пешбинӣ шудааст, таъин ва озод намудани раҳбарони сохторҳои Вазорати маориф ва илм на аз сӯи раисони ноҳияҳо, балки аз ҷониби ин ниҳод сурат гирад.
Рӯзи 25-уми сентябр дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, чунин пешниҳодро, ки ин ниҳод ба ҳукумат ироа намудааст, агар амалӣ шавад, боиси рушди соҳа хоҳад шуд. Аммо бархе таҳлилгарону омӯзгорон ва масъулони маориф дар маҳалҳо назари дигар доранд.
Як омӯзгор дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, боварӣ дорад, бо таъини мудирони маориф аз сӯи Вазорати маориф кадом пешравие ба миён намеояд: “Ҳозир мушкили мо дар маориф ин нест, ки роҳбарҳо аз тарафи кӣ озоду таъин мешаванд, пеш аз ин гуна гапҳо ҳазор мушкили дигар дорем, ки бояд дар фикри ҳалли онҳо бошанд”.
Тарҳи қонун "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", ки салоҳияти таъину озод намудани мудирони маорифро аз ихтиёри раисони ноҳияҳо гирифтанист, рӯзи 21-уми сентябр дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шудааст.
Абдураҳим Холиқзода, вакили порлумон, ки лоиҳаро муаррифӣ намудааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз шарҳи он худдорӣ намуд.
Сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон аз ҷаласаи шӯро навиштааст, ки ҳадафи лоиҳа “ба роҳ мондани низоми ягонаи назорат ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” аст.
Соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо сармоягузорӣ мешавад ва дар 8 соли ахир таъину барканории масъулони сохторҳои маҳаллии Вазорати маориф дар ихтиёри раҳбарони шаҳру навоҳӣ аст.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, чунин иқдом қаблан дар салоҳияти ин ниҳод будааст ва соли 2012 бо ворид намудани тағийру иловаҳо ба қонун, онро ба ихтиёри раҳбарони ноҳияҳо гузоштаанд.
Холмуҳаммад Тӯразода, мудири маорифи шаҳри Ваҳдат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чун дар соҳа маблағгузор мақомоти маҳаллӣ аст, шояд беҳтар бошад тағйиротҳои кадрӣ аз сӯи он сурат гирад: “Агар мисли давраи Шӯравӣ чи хеле ки маблағро пурра аз тарафи Вазорати маориф ва илм пардохт мекарданд, масалан аз омӯзгор сар када то роҳбараш, дигар гап буд. Лекин ҳозир раёсати маорифро маблағгузораш мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аст”.
Дар баъзе аз мақомотҳои маҳаллӣ гуфтанд, ҳарчанд таъиноту барканории масъулони сохторҳои маориф дар салоҳияти онҳост, вале ин кор дар мувофиқа ба Вазорати маориф сурат мегирад ва ҳангоми тағйиротҳои кадрӣ ба касбияти кормандон таҷҷӯҳи бештар медиҳанд.
Як манбаъ дар Вазорати мариф, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, таҷриба нишон дод, ки гоҳе афроди аз соҳа дурро раисони ноҳияҳо дар мақоми мудири маориф таъин намудаанд, ки чунин кирдор монеи рушди соҳа мегардад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, на ҳамаи раҳбарони ноҳияҳо соҳаи маорифро ба хубӣ мефаҳманд, бино бар ин зарурат пеш омадааст, ки масъалаи таъину озод намудани масъулони соҳа дар маҳалҳо пурра ба салоҳияти вазорат гузарад.
Масъалаи таъину барканории масъулони сохторҳои Вазорати маориф аз сӯи раисони шаҳру навоҳии кишвар дар гузашта баъзе баҳсу ихтилофҳоеро ба миён гузошта буд.
Соли 2017 Рустам Солиев, нафаре, ки ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Восеъ таъин гардид, пас аз ним соати ба ин вазифа омаданаш, бо як тасмими раиси ноҳия, қарор билофосила бекор шуд ва ӯ аз мақомаш барканор шуд, ки он замон чунин бархурд баҳсҳоеро ба миён гузошт.
Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ба ихтиёри Вазорати маориф ва илм гузоштани масъалаи таъину барканории масъулони сохторҳои маҳалли ин ниҳод, кори дурусте нест.
Ӯ рӯзи 25-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло тақрибан ҳамаи ниҳодҳо думболи муттамарказ кардани тақсимоти мансабҳо ҳастанд, ки чунин раванд аз рӯи арзишҳои демократӣ кори хубе нест: “ Бояд ғайримуттамарказ бошанд. Ин аз нигоҳи мудирият низ хуб нест, зеро дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо бо масъулони маҳаллӣ раиси ноҳия ё муовинонаш кор мекунанд, онҳоро беҳтар медонанду мешиносанд, онҳо бояд дар таъини кадр ҳаққи аввалиро дошта бошанд”.
Талоши Вазорати маориф барои ба ихтиёри худ гирифтани салоҳияти анҷоми тағйиротҳои кадрӣ дар ҳолест, ки низоми маорифи кишвар пайваста аз сӯи коршиносон интиқод мешавад.
Камбуди педагогҳои касбӣ, дастрасии дурдаст ба мактаб, сифати таълиму сатҳи дониши хонандагон, аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф дар манотиқи Тоҷикистон унвон мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.