расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Рустами Эмомалӣ омодагии Душанберо ба зимистон месанҷад

. / Сиёсат

Рустами Эмомалӣ омодагии Душанберо ба зимистон месанҷад

Рӯзи 23 сентябр иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт баргузор мешавад.

Рустами Эмомалӣ
Сурат: дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ баргузор намудани иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар рӯзномаи иҷлосия шунидани ҳисоботҳои муовини якуми раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт дар бораи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, ҳисоботи муовини раиси пойтахт дар бораи вазъи нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷорисозии низоми пардохти электронӣ дар ин соҳа зикр шудааст.
Бо дастури раиси пойтахт барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вакилони маҷлис то 21 сентябр бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд ва аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия таклифҳои мушаххасро пешниҳод мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.