расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазири умури дохилии Туркия ИМА-ро дар талоши мудохила ба интихобот муттаҳам кард

. / Сиёсат

Вазири умури дохилии Туркия ИМА-ро дар талоши мудохила ба интихобот муттаҳам кард

Вазири умури дохилии Туркия мегӯяд, сабаби дахолати матбуоти Ғарб ба интихобот ин ба амал баровардани нақшаи ИМА мебошад

Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфт, ҳадаф аз тақаллуби матбуоти ғарбӣ дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар Туркия амалӣ кардани нақшаи ИМА аст.
Қаблан вазир ИМА-ро дар талош барои таъсиси давлати террористӣ дар наздикии марзҳои Туркия муттаҳам карда буд.
Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Истамбули соли гузашта ӯ гуфт, Анқара таслияти Вашингтонро қабул намекунад.
Ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо ҷавонон ӯ изҳор дошт, ки Амрико "обрӯяшро аз даст медиҳад", тамоми ҷаҳон ба ин кишвар "нафрат дорад".
"Нақшаи Амрико фаъолона пурзур мешавад. Сабаби дахолати матбуоти Ғарб ба амал баровардани нақшаи ИМА мебошад", - изҳрор дошт ӯ ба рӯзномаи Yeni Akit.
Ба гуфтаи вазир, Ғарб пас аз соли 1960 вориди низоми сиёсии Туркия шуд, аммо раисиҷумҳури феълӣ Тайиб Эрдуғон тавонист кишварро аз он раҳо кунад.
Интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар Туркия рӯзи 14 май таъин шудааст.
Рақиби аслии раисиҷумҳури феълӣ Таййиб Эрдуғон - номзади ягона аз "Иттиҳоди ҷумҳурихоҳон" - номзади ягонаи мухолиф аз "Иттиҳоди мардумӣ" Камол Киличдароғлу аст.
Дар интихобот раиси ҳизби Memleket Муҳаррем Инҷ ва номзади эътилофи Ata Синан Оган низ ширкат доранд.
Агар ягон номзад 50 дарсади ороро ба даст наорад, он гоҳ даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мегардад.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.