Толибон дар Панҷшер ва чанд вилояти дигар волии нав таъйин карданд

Ҳамин тавр, Муҳаммадалӣ Ҳанафӣ, волии ҷадиди Қандаҳор таъйин шуд. Ӯ пеш аз ин муовини роҳбари бахши истихбороти вазорати дифоъ дар ҳукумати сарпарасти Толибон буд.
Муҳаммадоғо Ҳаким, волии Панҷшер таъйин шуд. Ӯ қабл аз ин волии вилояти Нуристон буд.
Муҳаммадмуҳсин Ҳошимӣ, ки қаблан волии Панҷшер буд, сарпарасти идораи олии тафтишоти Толибон таъйин шуд.
Муҳаммадаюб Холид, ки қаблан фармондеҳи қулурдуи 207 Ал-Форуқ буд, волии Кунар таъйин шуд.
Ҳамчунин, волии пешини Кунар Аҳмад Тоҳо муовини вазорати сарҳадоти ақвому қабилаҳо таъйин шудааст.
Гулҳайдар Шафиқ, ки қаблан муовини волии Ғазнӣ буд, волии ҷадиди Ҷузҷон таъйин шуд ва Абдураҳмон Ҳаққонӣ, муовини пешини вазорати сарҳадот, волии нави Бағлон таъйин гардид.
Башираҳмад Ҳаққонӣ бошад, волии Нуристон таъйин шудааст.
Тағйироти волиҳо ва фармондеҳони вилоятҳо ва қисмҳои низомӣ дар ҳайати Толибон дар ҳолест, ки ин гурӯҳро то ба ҳол ҳеҷ кишвар ва ё созмонҳои байналмиллалие ба расмият намешиносад. Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон гуфта буданд, ки ҳукумати кунуниашон муваққатӣ буда, дар пайи ташкили ҳукумати ҷадид хоҳанд буд, аммо бо гузашти қариб ду сол то ҳол ҳукумате, ки ба хост ва иродаи ҳамаи ақалиятҳои Афғонистон бошад, ташкил накардаанд.
Ҳамчунин тайи қариб ду сол Толибон ба таври муназзам ҳуқуқу озодиҳои духтарону занони Афғонистонро маҳдуд мекунад. Дарҳои мактабу донишгоҳҳоро ба рӯи донишомӯзони духтар бастаанд, занонро аз кор дар созмонҳову ташкилотҳои ғайридавлатӣ манъ карданд ва инчунин занҳо ҳақ надоранд ба боғҳои тафреҳӣ раванд ва ё ҳақ надоранд бе ҳамроҳии марди хона, кӯча бароянд.
asiaplustj