расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ФАВРӢ: САФАРИ САЙМУМИН ЯТИМОВ БА КОБУЛ ЧИ(3 АКС)

Сиёсат / Ҷомеа

ФАВРӢ: САФАРИ САЙМУМИН ЯТИМОВ БА КОБУЛ ЧИ(3 АКС)

Самира Мойил, хабарнигори афғон бо нашри чанд акс дар Твиттер хабар дод, ки Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр ба Кобул, пойтахти Афғонистон сафар карда ва бо Асадуллоҳ Холид, сарпарасти вазорати дифои миллии Афғонистон дидор кардааст. "Ду тараф дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва мавзӯи сулҳ гуфтугӯ карданд”, - хабар додааст Самира Мойил бидуни овардани ҷузъиёти зиёд.

Тафсилоти дигар дар бораи ҳадафи сафари Ятимов ба Кобул ва мавзуъҳову натиҷаҳои диду боздидҳояш бо мақомоти Афғонистон ҳанӯз дастрас нест.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки як моҳ баъд – рӯзи 11 октябр – дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ доир мешавад. Мақомоти Тоҷикистон қаблан борҳо гуфтаанд, ки аз самти Афғонистон аз ҷониби гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ эҳсоси эҳтимоли таҳдид ба амнияти Тоҷикистонро мекунанд. Афғонистон бо Тоҷикистон қариб 1400 километр марзи муштарак дорад, ки қад-қади дарёи Панҷу Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мушкили кӯҳистониаш ҳифозати пурраи ин марзи тӯлонӣ имкон надорад.

 ШАРҲИ ХУДРО БИНАВИСЕД 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.