расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон дар ҳамлаи Кобул захмӣ шуд

. / Сиёсат

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон дар ҳамлаи Кобул захмӣ шуд

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон аз як ҳамла дар Кобул ҷони солим ба дар бурдааст. Ин ҳамла субҳи чаҳоршанбеи 9-уми сентябр дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кобул рух додааст.
Ризвон Мурод, раиси дафтари расонаҳои муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи имрӯз дар Кобул, корвони мошинҳои Амруллоҳ Солеҳ буд.
"Душманони қасамхӯрдаи Афғонистон ва душманони раҳбароне, ки ба манофеи миллӣ аз тану ҷон пойбанд ҳастанд, имрӯз боз талош карданд, то ба Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳур, зиёне бирасад. Аммо оқои Солеҳ ба фазли Худованд ва дуои мардум аз ин ҳамлаи террористӣ ҷони солим ба дар бурд".
Оқои Мурод афзуд, ки се тан аз муҳофизои Амруллоҳ Солеҳ дар таркиши имрузи Кобул захмҳои сабук бардоштаанд.
Амруллоҳ Солеҳ дар навори видеоие, ки дар сафҳаи "Фейсбук"-аш нашр кард, гуфтааст, ки дар ҳамлаи имрӯз дасти чапаш захмӣ шудааст.
Аз сӯе ҳам Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки бар асари ин таркиш беш аз 10 ғайринизомӣ ҷон бохта ва 15 тани дигар захмӣ шудаанд.
Тариқ Ориян, сухангӯи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, " Навъи таркиш то ҳанӯз муайян нашудааст. Тимҳои амниятӣ дар маҳали ҳодиса ҳастанд. Ҷузъиёти бештар баъдан нашр хоҳад шуд".
Соли гузашта низ як ҳамоиши "Раванди сабз", ки раҳбарии онро Амруллоҳ Солеҳ ба ӯҳда дорад, ҳадафи ҳамла қарор гирифа буд. Дар он ҳамла ҳадди ақал 20 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд ва Амруллоҳ Солеҳ захмҳои сабук бардошта буд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар паёме ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳодисаи имрузи Кобул рабте ба ин гурӯҳ надорад.
Масъулияти ин ҳамларо то кунун ҳеҷ шахс ё гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.
Оқои Солеҳ дар даврони пас аз Толибон барои 7 сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Ӯ аз сиёсатмадорони вобаста ба ҷабҳаи муқовимат (гурӯҳҳои зидди Толибон бо раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд) мебошад. Оқои Солеҳ бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар, маъруф аст.
Аз ҷумла ӯ чанд рӯз пеш дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо телевизиони "Тулӯъ" гуфта буд, хатти Дюрандро, ки Афғонистон ва Покистонро аз ҳам ҷудо мекунад, ба расмият намешиносад. Кобул даъво дорад, ки қисматҳое аз шимоли Покистон ба Афғонистон тааллуқ дорад. Покистон ин иддаоҳоро рад мекунад.
Вазорати умури хориҷаи Покистон ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳро маҳкум карда ва бо хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса ҳамдардӣ кардааст.
Шуморе аз сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ, муовини дувуми раиси ҷумҳур Сарвар Дониш ва вазири умури хориҷӣ Ҳаниф Атмар ҳам ин ҳамларо накуҳиш кардаанд.
Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят кард ва ба мақоми муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 ӯ аз ҳомиёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.