расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ташкили Ҷабҳаи нави зидди толибҳо бо ширкати занон ва эълони ҷанги густурда

Сиёсат / Ҷаҳон

Ташкили Ҷабҳаи нави зидди толибҳо бо ширкати занон ва эълони ҷанги густурда

Ҷабҳаи нави зидди толибҳо аз оғози ҳамалот алайҳи ҳукумати ҷадиди Афғонистон эълон кард
Бо оғози фасли баҳор дар Афғонистон Ҷабҳаҳои муқовимат ҳарчӣ бештар пайдо мешаванд.

Ахиран, расонаҳои афғонистонӣ аз ташкили Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон хабар доданд, ки ба сафи он занон низ пайвастаанд.

Аз наворе, ки Sputnik Афғонистон дар саҳифаи Telegram-и худ нашр кардааст, онҳо дар бораи ҳамалоти густурдаи зидди толибон сухан мегӯянд.

Ин Ҷабҳа дар вилояти Каписои Афғонистон ба ҳамла шурӯъ карданист. Онҳо толибонро дар куштори ҳамватанони бегуноҳашон муттаҳам мекунанд ва мубориза бо ононро фарз мехонанд.

«Мо то охирин қатраи хуни хеш аз иззат номус ва озодии ватани хеш дифоъ хоҳем кард. Биёед ватанамонро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳем», — мегӯянд сарбозони ин Ҷабҳа.

Бо оғози фасли баҳор дар Афғонистон зидди толибҳо садоҳои бештар баланд мешавад.

Дар баробари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки таҳти раҳбарии писари қаҳрамони миллӣ — Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар шимоли кишвар ва шаҳри Кобул фаъоланд, чанд қувваи дигар аз арзи ҷувуд доранд.

Ба ин рӯйхат, «Отряди Олимпур» ва «Сарбозони беном Ҳазористон» низ дохил мешаванд.

Ахиран Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон низ аз оғози ҷанги густарда дар саросари кишвар алайҳи толибон эълон кард.

Дар навбати худ коршиноси умури Афғонистон Андрей Серенко таъкид кард, ки ҶММ ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсиро фаъолона таҳия мекунад.

Толибон низ ба гунае омодагии муқовиматгаронро пай бурдаанд ва тибқи гузоришҳо аз Панҷшер ва Андароб ҳазорон нерӯи вижа фиристодаанд.

Қудратро мегирем: Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кай ҳамалоти густурдаро роҳандозӣ мекунад
Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, на дар як нуқта, балки аз чаҳор гӯшаи Афғонистон ҳамалотро боло толибон оғоз хоҳад кард.

сачашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.