расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Расонаҳо: Сафари ду мақоми баландпояи толибҳо ба Русия

. / Сиёсат

Расонаҳо: Сафари ду мақоми баландпояи толибҳо ба Русия

Раиси пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон иддао дорад, ки ду мақомоми баландпояи давлати толибон ба Русия сафари маҳрамона карданд

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини нахусти вазири давлати толибот ва Мулло Муҳаммад Яъқуб, аъзои аршади ин гурӯҳ ба Русия маҳрамона сафар кардаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистону Эрон хабар доданд.

Раҳбари собиқи идораи амнияти миллии Афғонистон иддао кардааст, ки Мулло Муҳаммад Яъқуб ва Мулло Абдулғанӣ Бародар, аъзои аршади ин гурӯҳ ҳамзамон дар баробари сафари вазири хориҷаи толибон ба Норвегия ба Русия як сафари маҳрамона анҷом додаанд.

Ба гузориши расонаҳо, Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон дар саҳифаи твиттериаш навиштаст, ки муовини раиси ҳукумати муваққати толибон низ ба Русия як сафари эълоннашуда анҷом додааст.

Толибон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Аммо ҷониби Русия дар симои Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ин хабарро такзиб кард.

Дар ҳамин ҳол Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон дар раъси як ҳайат ба Осло, пойтахти Норвегия сафар ва бо намояндагони кишварҳои ғарбӣ барои кумак ба Афғонистон ва озод кардани дороиҳои ин кишвар аз бонкҳои Амрико мулоқоту гуфтугӯ намудааст.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.