расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Баррасии масоили ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон миёни Раҳмону Си Ҷинпин

. / Сиёсат

Баррасии масоили ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон миёни Раҳмону Си Ҷинпин

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти маҷозии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иштирок хоҳад кард

Мулоқоти маҷозии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад, ки он ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории чинии CGTN дар истинод ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти маҷози роҳбари Чин Си Ҷинпин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов, раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва кишвардори Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ширкат меварзанд.

Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории мутақобиларо баррасӣ хоҳанд кард.Ин дар ҳолест, ки 20 январ намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин зимни нишасти хабарӣ гуфт, роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин сабти ном шудаанд. 


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.