расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Интиқоли 70 техникаи нав ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон

. / Сиёсат

Интиқоли 70 техникаи нав ба пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомӣ берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ду шаҳр — Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст

Пойгоҳҳои низомии Русия, дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, то охири соли 2022 беш аз 70 адад техникаи низомӣ дарёфт хоҳанд кард.

Дар ин бора ахиран ба рӯзноманигорон фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия генерал-полковник Александр Лапин хабар додааст.

«Пойгоҳҳои низомии Русия, ки дар Қирғизистону Тоҷикистон ҳастанд, имсол бо беш аз 70 адад техникаи нави низомӣ таъмин хоҳанд шуд», — гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, ки қаблан генерал-полковник Александр Лапин гуфта буд, ки пойгоҳи низоимии Русия дар Тоҷикистон дар давоми соли 2022 бо беш аз беш аз 1300 силоҳу техникаи нав таъмин хоҳад шуд.

Ба иттилои фармондеҳ барои таҳкими тавоноии нерӯҳои ҳавоии ҳавза 17 адад ҳавопаймою чархболи низомӣ дастрас хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин аз таъмини таҷҳизоти муосир барои полкҳои радиотехникӣ дар Поволже ва Сибир хабар дод. Лапин гуфт, ба ин воҳидҳо истгоҳҳои радиолокатсионии «Каста 2-2», «Подлет-М», «Оборона» равона хоҳанд шуд.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи дигари ин кишвар дар Қирғизистон низ ба Ҳавзаи марказии низомӣ дохиланд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди низомии ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.